Дар бораи мо
Мо ба саволҳое ҷавоб меҷӯем, ки ин ҳаёт медиҳад ва аз додани ин саволҳо ё метарсем ё шарм медорем. Ба Китоби Муқаддас такя карда, мо ин ҷавобҳоро дар тамоми ҷаҳон паҳн мекунем, то ки ҳаёти одамон бисёртар аз ғалаба, рушду инкишоф, далерӣ ва маънои равшан пур шавад.
Мақсади мо ба ту фаҳмондан аст, ки на ҳама чизро аз даст додаӣ ва ҳамеша роҳи баромад аст. Мақсадамон ин аст, ки ту дар хотир дорӣ, ки мо дар масоҳати як клик ҳастем ва ту метавонӣ ҳар вақте хоҳӣ, ба мо муроҷиат намоӣ.
Мо ин ҷо ҳастем, то ки туро барои бо ҳаёти пур аз маънои равшан ва хурсандии ҳақиқӣ, ки касе аз ту дуздида наметавонад, рӯҳбаланд кунем.
Мо ҳикояҳои одамони оддиро дар бораи он, ки чӣ тавр вохӯрӣ бо Масеҳ ҳаёти моро иваз кард ва ёрӣ дод, ки аз бемаъноиву ҳамаи чизҳое, ки моро аз умед маҳрум мекард, нақл кунем. Мо маводеро паҳн мекунем, ки барои ғалаба, рушду инкишоф, бой надодан ва ҳаррӯза беҳтар шудан, рӯҳбаланд месозад. Мо дурӯғ намегӯем, балки чизеро нақл мекунем, ки ҳаёти моро иваз кард ва барои мо хеле муҳим аст. Ту метавонӣ кӯшиш кунӣ, вале ҳам метавонӣ ба назар нагирӣ ва ҳаёти пештараатро давом диҳӣ. Интихоб дар дасти туст.